​“Нигоҳи баробар”: Ташкили корҳои ислоҳӣ дар рушди кӯдакони ақлан заиф

Махфили “Нигоҳи баробар”-и назди кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ ин навбат таҳти унвони “Ташкили корҳои ислоҳӣ дар рушди кӯдакони ақлан заиф” баргузор гардид.

Маҳфили мазкур таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Зоидова Сабоатбаргузор гардида, дар доираи он роҳҳои корҳои ислоҳӣ дар самти рушди кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ Иброҳимова Ойшахон оид ба мавзуи маҳфил баромад намуд.

Қироати шеър, гуфтор ва намоиши саҳнаи тарбиявӣ вобаста ба корҳои ислоҳнамоӣ ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ