“Нигоҳи баробар”: махсусиятҳои гузориши овозҳо ва автоматикунонии онҳодар калима
Таҳти унвони “Нигоҳи баробар” дар назди кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ чорабинӣ доир гардид. Ин ташаббус ба мавзуи “Махсусиятҳои гузориши овозҳо ва автоматикунонии онҳодар калима” бахшида шуд.
Дар чорабинии мазкур аз маркази солимгардонии №1- и шаҳри Хуҷанд,нуқсоншинос – нутқшинос Камолова Манзура, директори ташкилоти байналмиллалии “Рангонкамон” – Ахмедова Сабоат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби мутахассис Камолова Манзура сабабҳои вайроншавии артикулиятсионӣ дар кӯдакон ва роҳҳои пешгириву ислоҳи он тариқи таҷрибагузаронӣ (таҷриба бо кӯдаки 6 - сола)ба таври таҷрибавӣ нишон дода шуд.
Донишҷӯён муттахасисони ояндаи соҳаи олигофренопедагогика донишҳои назариявии худро бо кӯмаки мутахассис дар амал татбиқ намуданд.
Ҳадаф аз чорабинии мазкур беҳтар намудани вазъи солимии нутқӣ (забонӣ)-и насли наврас дар ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷикон унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил