​Нест бод коррупсия

Таҳти ин уновни дар факултети санъати тасвирӣ ва технология чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.

Аҳадов Ф. - муовини декан оид ба тарбия чорабиниро оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд ва ҷомеаро зарур аст пайваста алайҳи ин падидаи номатлуб дар буроиза бошанд. Қайд гардид, ки то ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо ба пуррагӣ аз байн бурда бошад, мо устодону донишҷӯён алайҳи ин падидаи номатлуб пайваста мубориза мебарем ва саҳми худро дар мубориза бо корруппсия хоҳем гузошт.

Дар давоми рӯз дар назди бинои таълимии №1 бо доишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология дар мавзӯи “Мо бар зидди коррупсия” флешмоб гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ