Наҳзатиёни ватанфурӯшу хиёнаткор

Наҳзатиёни ҳаромӣ, ки ватанфурӯши хиёнатпешаанд, ҳатто андеша надоранд, ки аллакай аксарияти олам аз асли ҳадафҳои онҳо бохабаранду ононро маҳкум мекунанд. Пайравӣ ба ифротзадагони наҳзатӣ худ амали иштибоҳона аст, ки ҳамагон аз он ҳазар доранд.

Бо ваҷоҳати хурдагиронаи палид Кабирии рӯбоҳдилу безот, Иқболбии ноҷинс ва баъзе нафарони дигари наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвоангезиву дасисабозиро пеша кардаанду аз гуфтору рафторашон буйи ғализи тафриқаандозӣ ва нооромӣ меояд. Худро ғамхори муҳоҷир нишон додани наҳзатиён хеле навиди тоза аст. Чанде пеш наҳзатиён дар Ҳукуматирасмии қонунии кишвар соҳиби 30 фоизи мансабҳо буданду муҳоҷиронро ғамхору ҳимоятгаре набуд.Ин нокасони наҳзати ононро ҳатто ёдовар набуданд. Маҳз, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва баимзорасии чандин созишомаву протоколҳои байнидавлатӣ ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ куллан беҳтар гардид. Кафолати шароити мусоиди меҳнат, музди маоши мувофиқ, суғуртаи тиббӣ ва даҳҳо мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирон бо сиёсати пайгиронаи роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлоламон тадриҷан ҳаллу фасли худро ёфтааст, ёфта истодааст ва хоҳад ёфт.

Ғамхори муҳоҷирони меҳнатӣ гардидани наҳзатиёни мазҳабфурӯши ҳомии Ватан фақат суханҳои пучи қабеҳолуд дар заминаи ақидаҳои ифротгаро асту бас. Ононагармардӣ медоштанду аз ақлу тамиз бархурдоранд, чӣ монеаест, ки лоиҳаи созишнома ё дигар ҳуҷҷате таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созанд? Ё танҳо гуфторҳои муғризонаро метавонанду ҳуҷҷати арзишманде таҳия карда наметавонанд? Алҳақ, барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирон мебояд дар навбати аввал омӯзишу таҳқиқҳо гузаронид. Сабабу оқибатҳои мушкилотҳоро мебояд дарёфт ва роҳи ҳалли онҳоро ҷустуҷӯй кард.

Собиров М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ