​НАВИДИ ИЛМӢ: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ

Дар Шурои диссертатсионии назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳимояи рисолаи доктории номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ Мирзозода Садриддин Хол баргузор гардид.

Рисолаи илмии номбурда дар мавзуи «Соинуддини Хуҷандӣ ва хусусиятҳои ғоявию бадеии осори адабии ӯ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) таҳия шуда, таҳти роҳбарии мушовири илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, академик Носирҷон Салимӣ ҳимоя карда шуд.

Дар рафти ҳимоя муҳаққиқ натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуда, масъалаҳои марбут ба омӯзиши осори Соинуддини Хуҷандӣ, арзёбии хусусиятҳои ғоявӣ ва бадеии онҳо, инчунин ҷойгоҳи эҷодиёти адибро дар рушди адабиёти тоҷик мавриди таҳлил қарор дод.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Садриддин Мирзозодаро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаи докторӣ самимона табрик намуда, саломатии комил ва муваффақиятҳои пайвастаро дар фаъолияти илмиву эҷодӣ таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ