НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ “ОЛИМИ ҶАВОНИ СОЛ-2025”
Дар доираи чорабинии ҷамъбасти фаъолияти илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳ натиҷаҳои озмуни «Олими ҷавони сол – 2025» низ эълон ва ғолибони он бо мукофотҳои донишгоҳӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар бахши илмҳои дақиқ ҷойи аввал насиби муаллими калони факултети математика Рӯзибой Баротов, ҷойи дуюм насиби муаллими факултети физика ва техника Давлат Нурматзода ва ҷойи сеюм насиби дотсенти факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Мунзифахон Алиева гардиданд.
Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷойи аввалро муаллимаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Истадҷон Азимӣ соҳиб гардид. Дар ин бахш ҷойи дуюмро муаллими факултети забонҳои хориҷӣ Мӯминҷон Абдуллоев ва ҷойи сеюмро муаллимаи факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Масрура Фозилова ишғол намуданд.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин қайд кард, ки дастовардҳои муҳаққиқони ҷавон бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буда, саҳми онҳо дар рушди мактаби илмии донишгоҳ сол ба сол густариш меёбад.
Дар фарҷоми маросим ғолибон барои фаъолияти пурсамар, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти илму маориф бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Маркази иттилоот