​Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи донишгоҳ

Дирӯз, санаи 30-юми декабри соли 2021 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ доир гардид. Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар соли 2021 шунида шуд.

Ректори донишгоҳ зимни ифтитоҳи ҷаласа соли 2021-умро барои халқу кишвари азизамон яке аз марҳилаҳои муҳим дар раванди рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеа унвон намуда, таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатиро дастоварди нодири соли равон арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақша 22 ҷаласаи Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ, 34 ҷаласаи Раёсати хурди назди ректори донишгоҳ бо фарогирии ҳамаи самтҳои фаъолият баргузор гардид, ки иҷрои он мунтазам ҷараён гирифт.

“Дар раванди таълим яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соли равон бомуваффақият аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани донишгоҳ ва соҳиб гардидан ба иҷозатномаи фаъолият барои панҷ соли оянда маҳсуб меёбад, ки ин аз мавқеи муайяни донишгоҳ дар байни муассисаҳои давлатии таълимӣ шаҳодат медиҳад” – зикр намуд Ҷамшед Ҷӯразода.

Гуфта шуд, ки дар ин давра дар раванди илм ва инноватсия 2 нафар устодони донишгоҳ бо Медали хидмати шоиста, 13 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар бо ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 8 нафар бо ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ...” 9 ҷои намоён, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”Шоҳҷоиза ва 2 ҷойи намоён, “Илм -фурўғи маърифат” 1 ҷои намоён, Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна 1 ҷои намоён, Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҷои намоён, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» 4 ҷойи намоён ва дигар дастовардҳоро соҳиб гардиданд.

Бурду бохт ва дастоварду камбудиҳои самтҳои дигари фаъолияти донишгоҳ дар идомаи ҳисоботи профессор Ҷамшед Ҷӯразода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ дар маҷмӯъ, фаъолияти донишгоҳро дар ҳамаи самтҳои фаъолият қаноатбахш номида, таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо набояд аз дастовардҳо қонеъ гардем, зеро муваффақ шудан барои ҳадафи асосӣ кӯшишу талош, тадбиру чораҳои беш аз пеш ва рӯзмарраро тақозо мекунад.

Декани факултети математика дотсент Дилшод Музаффаров, мудири кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он номзади илмҳои педагогӣ Замира Ахмедова, профессори кафедраи факултети таърих ва ҳуқуқ Ваҳҳоб Набиев ба музокира баромада, баробари зикри дастоварду пешниҳодҳо дар пешрафти раванди фаъолият ҳисоботи солонаро қаноатбахш ҳисобиданд.

Ректори донишгоҳ дар ҷамъбаст зикр намуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар оянда низ ҳамаи равандҳои фаъолиятро ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хеш табдил дода, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти судманд ва меҳнати софдилона ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузорад.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ