«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК» – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Таҳти чунин унвон бахшида ба зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва 100-солагии китоби Намунаи адабиёти тоҷик дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Чорабинӣ муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёнро барои баррасии саҳми ин асари бунёдӣ дар рушди адабиёти миллӣ гирд овард.
Дар раванди ҳамоиш саҳми устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули адабиёти навини тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҳадафи асосии муаллиф аз таълифи ин асар нишон додани таърихи ғании адабиёти тоҷик, исботи мавҷудияти анъанаҳои деринаи адабӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ мебошад.
Дар идомаи конференсия маърузаҳо перомуни сарчашмаҳои «Намунаи адабиёти тоҷик», зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи он, раванди ҷамъоварӣ ва нашри асар, инчунин мақоми устод Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик пешниҳод гардиданд.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо маҷмуаи осори адабӣ, балки ҳуҷҷати муҳимми таърихию фарҳангӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури илмӣ нақши муҳим мебозад.
Дар фарҷоми конференсия донишҷӯён аз ашъори устод Садриддин Айнӣ порчаҳо қироат намуда, ба фазои маънавии чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»