​Намоиши лоиҳаҳои инноватсионӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар доираи ҳафтаи илм намоиши лоиҳаҳои инноватсионӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Анушервон Ҷаъфаров, сардори раёсати таълим дотсент Муҳиддин Сабуров, декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дотсент Гулнора Узоқова, мудири кафедраи барномарезӣ дотсент Хушбахт Нуриллоев иштирок намуданд.

Дар намоиши мазкур беш аз 15 адад лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самтҳои гуногун аз тарафи донишҷӯёни факултет Ҷамшед Назаров - донишҷӯи гурӯҳи 102а, ихтисоси системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, лоиҳаи ҳавопаймои бесарнишини идоракунанда Нуруллохон Олимов - донишҷӯи гурӯҳи 303б, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, лоиҳаи замимаи мобилии "Алифбо" Шаҳбоз Кучаков - донишҷӯи гурӯҳи 403а, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, лоиҳаи замимаи мобилии "Роҳнамои фанҳои дақиқ" Муродалӣ Кабулов - донишҷӯи гурӯҳи 405, ихтисоси амнияти компютерӣ, лоиҳаи "Занги танаффуси худкор" намоиш додандд.

Иттилоъ дода шуд, ки қисме аз лоиҳаҳои донишҷӯён тадбиқи худро дар истеҳсолот ёфтаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ