​Нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳкиму густариши забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳкиму густариши забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Конференсияи мазкур ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба ҳар хонаводаи кишвар роҳандозӣ шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар ҳақиқат ҳамосаи беназиру безаволи миллии мост, ки ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлокнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист”.

Гуфта шуд, ки ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар шароити нави таърихӣҷиҳати тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ баъд аз китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафурво ба ҳар хонадони тоҷик иқдоми шоистаест, ки воқеан ҳам барои таҳкими оини ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, маърифати таъриху фарҳанги миллат нақши созгор хоҳад гузошт. Ин ду асари безавол, ки ҳар ду ҳам ба таъбири Пешвои миллат “сарчашмаи худшиносии миллӣ” ба шумор мераванд, метавонанд нақши сарнавиштсозе барои имрӯзу фардои мо ва наслҳои оянда бигузоранд.

“Ин асари безавол, ҳарчанд ба сурати як ҳамосаи беназири миллӣ ба сурати манзум ба қалам омадааст, вале матни он ҳазорон мавзуи дархури ниёзҳои мардум, таъриху фарҳанги миллат, ҷаҳоншиносӣ, оину суннатҳои миллӣ, таърихи давлатдорӣ, кашфи унсурҳои зиндагӣ, мардумшиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ таҷассум ёфтааст. Муҳимтар аз ҳама “Шоҳнома” достони ватандорӣ, мардонагӣ, матонату ҷасорат ва диловариву қаҳрамонист, ки наслҳои инсониятро дар ҳама давру замон ба зуҳури паҳлавонӣ, ҳифзи марзу буми хеш, дӯст доштан ва муҳофизати Ватан чун муқаддасоти бузурги инсонӣ ҳидоят кардааст” –афзуд ректори донишгоҳ профессор Усмонзода.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода зимни суханронӣ аз аҳамият ва шуҳрати “Шоҳнома” таъкид намуда, ташкили конференсияи байналмилалиро вобаста ба ин мавзуъ ибтикори судманди донишгоҳ унвон намуд.

Дар идома як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд. Дар мавзуи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва суннати эҷоди силсиладостонҳо дар адабиёти форсу тоҷик ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, таҳти унвони “Мақоми Дақиқӣ ва “Гуштоспнома”-и ӯ дар коргоҳи эҷодии Фирдавсӣ” профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Тағаймуродов Рустам, перомуни “Ҷаҳоншумулии Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” узви ҳайати илмии Донишгоҳи Ҳорвард профессор Олга Мерк Деведсон ва доир ба шуҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” –и ӯ директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Нуров Нуралӣ баромад намуданд.

Интизор аст, ки конференсия дар бахшҳо ба кори худ давоми ду рӯз идома хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ