Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон дар натиҷаи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ соҳибистиқлолии давлатиро соҳиб гашт. Пароканда шудани Иттифоқи Шўравӣ барои бисёр ҷумҳуриҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳамкориҳои иқтисодӣ канда шуданд, фаъолияти бисёр корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ қатъ гаштанд ва ё хеле суст шуданд ва умуман ҳамаи муносибатҳо дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳо душвор гаштанд.
Чунин ҳолат ба дараҷаи тараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, сатҳу сифати зиндагии аъзоёни он таъсири манфии худро расонид. Пас аз эъломи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, лағв шудани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омаданд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вобаста ба нооромиҳои вазъи сиёсии кишвариқтисодиёти мамлакат ба фалаҷшавӣ рӯ меовард.Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аҳолии кишвар танқисии дастрасӣ ба маводи ѓизоии аввалияро доштанд, ки боиси ба азобу машаққат дучор омадани онҳо гардид. Дар қисми ҷанубии мамлакат ин зиёдтар ба чашм мерасид, ки вилояти Хатлони имрӯза (вилоятҳои Кӯлоб ва Курѓонтеппа)дар он давра ба муҳосира(блокада)-и нооромиҳо афтода, мардум аз норасоии ѓизо ба бемориҳои гуногун дучор гаштанд, дар ин минтақа беш аз 8 ҳазор одамон гирифтори беморӣгардида буданд[1].
Баъди шикастани низоми куҳнаи ҳукмрони маъмурӣ-амрдиҳӣ системаи нави хоҷагидорӣ, ки ба муносибатҳои демократӣ ва методҳои иқтисодӣ асос ёфтааст, оҳиста дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон татбиқи худро меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), рафъи оқибатҳои зуҳуроти бӯҳронӣ, бо суръати баланд ва ҳадафмандона баҳри амалӣ намудани иқтисодиёти бозорӣ ғояҳо ва стратегияҳои ислоҳотро пеш мебарад.
Марҳалаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо намуд.
- давраи аввал — солҳои 1991-94 — таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовиматҳои шаҳрвандӣ
- давраи дуюм — солҳои 1995-99 — раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
- давраи сеюм — солҳои 2000— то имрўз — солҳои рушди устувори иқтисодӣ.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар 10 млрд доллари ИМА-ро зарар расид. Гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозоргонӣ барои давлати навине, ки аз собиқ СССР қариб чизе мерос нагирифта буд, бисёр душвор ба назар мерасид. Дар соли 1991 истеҳсоли маҷмўъи имаҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба соли 1990 шаш фоиз кам шуда бошад, соли 1992 якбора ба 40 фоиз поён рафт. Дар ин давра сатҳи иқтисодиёт рӯ ба рукуд дошт. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,саноатӣ ва истеъмолӣ на зиёдтар аз 68 фоизи соли 1991-роташкил медод.
Аз ҷониби дигар, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расид. Сатҳи камбизоатӣ ба 80% расид, ки дар маҷмуъ чунин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллӣ ба миён овард.
Ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 якбора ба поён майл кард. Сатҳи тавварум бо асъори миллии ҳамонвақта то 2000 фоиз мерасид. Коҳишёбии ММД дар соли 1991-1996 ба 46 фоиз мерасид, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ натиҷагирӣ мегардад. Ба ин нигоҳ накарда шурӯъ аз соли 1993сатҳи иқтисодии давлат рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳам бошад маҳз аз Муроҷиати Раиси Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 12 –декабри соли 1992, ки дар он ба барқарорсозии фаъолияти тамоми субъектҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои бозаргонӣ дар кишвар даъват шуда буд, амалан лаҳзаи муайянкунандаи ташаккули иқтисоди конститутсионии бозори озод дар мамлакат гардид[1].
Пас аз истиқрори сулҳи тоҷикон(27 июни соли 1997) рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Дар давраи солҳои 1996-1999 дараҷаи афзоиши солонаи ММД ба 3.5 фоиз баробар шуда, бар сари аҳолӣ сатҳи рушди истеҳсоли ММД 1.6 фоизро ташкил додааст. Вобаста бар ин, миқдори корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ зиёд шуданд, яъне иқдори корхонаҳо ва ташкилотҳои моликияти давлатӣ аз 4588 то 5102 ва корхонаҳои моликияти хусусӣ аз 6834 то 9663 афзуданд. Вобаста ба барқароршавии асоси ҳуқуқи конститутсионии субъектҳои иқтисод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат як қатор қонунҳоро мавриди амал қарор доданд, аз ҷумла «Дар бораи буҷети фавқулодаи давлатӣ» (соли 1993) «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» (соли 1993), «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил ва хусусигардонии моликияти давлатӣ» (соли 1995, соли 1997), «Дар бораи фаъолияти иқтисодии берунӣ ва танзими асъор ва назорат» ( соли 1994,соли 1995), «Дар бораи бонки миллӣ» ( соли 1996), «Дар бораи муҳоҷират» (соли 1999), «Кодекси замин манзил ва меҳнат» (соли 1996. Соли 1997) ва ѓайра.
Тавре аз таҳлили олимони иқтисоддон бармеояд, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард.
Раванди ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои таркибии иқтисодиёти кишвар ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар заминаи таъмини ҳамкориҳои босамар бо шарикони рушд таҳти назорати бевосита ва пайвастаи Роҳбари давлат қарор дошт.
Дар натиҷаи ислоҳот дар соҳаҳои истеҳсолот, савдо ва истеъмоли мол ва хизматрасонӣ, дар кишвар аз ҳамон давринҷониб тамоюлҳои мусбати суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ мушоҳида мегардад. Стратегияи Ҳукумат ба рушди ислоҳот дар иқтисод нигаронида шуд. Ҷорӣ намудани асъори миллӣ - сомонӣ, ки моҳи октябри 2000 муаррифӣ шуд, ба сифатирамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои устувории он чораҳои мушаххас андешид.
Дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ нақши муҳимро молия, буҷет, андоз ва гумрук мебозанд. Барои танзими захираҳои молиявӣ ва даромаду хароҷоти қисми буҷети давлатӣ, дар сохтори Вазорати молия Шӯъбаи хазинадорӣ ва хизматрасониҳои қарзҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварииПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатҳои стратегиро қабул кард ва аз соли 2000 сар карда, ислоҳоти идораи молияи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, хадамоти қарзи хориҷӣ ва барномаҳои нави механизми соҳавии маблағгузори (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия)-ро идома дода истодааст.
Вақте, ки давлат имкони аз нигоҳи конститутсионӣ таъмин кардани кафолати озодии иқтисодӣ чун принсипи асосии иқтисодиёти конститутсионии бозори озодро ба даст овард, ки дар ин давра аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи энергетика, нақлиёт ва арзёбии замин» (соли 2000 соли 2001), «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (соли 2002), «Дар бораи лизинги молиявӣ» (соли 2003), «Дар бораи кафолати пасандозҳои шахсӣ» (соли 2003), «Дар бораи дурнамои давлати, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодӣ» (соли 2003), «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (соли 2004) ва «Кодекси андоз ва гумрук» (соли 2004) ба имзо расиданд.
Дар ин росто, қонунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1997), «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» (соли 2007), «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» (соли 2009), «Дар бораи консессияҳо» (соли 2011), «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (соли 2011), «Дар бораи шарикии давлатӣ - хусусӣ» (соли 2012), «Дар бораи сармоягузорӣ» (соли 2016) қабул гардидаанд, ки раванди минбаъдаи рушди иқтисодии кишвар ва низоми муносибатҳои иқтисодиро дар кишвар мушаххас месозанд.
Дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои рушди мамлакат Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, дар баробари ин Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул гардида, паи ҳам иҷро гаштанд, ки вобаста бар ин камбизоатӣ 2 маротиба коҳиш ёфта, рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи миёнаи 7-фоиз таъмин гардид. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013, 2012-2014, 2013-2015 таъйид гардидаанд. Инчунин Барномаи миёнамӯҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул шуд, ки ҳадафи ин барнома баланд бардоштани самаранокӣ ва гуногуншаклии захираҳо ва иқтидори бахши воқеъӣ ва қобилияти рақобати иқтисодиёт ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бахши иҷтимоӣ мебошад.
Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин, таҳкими имконияти содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инкишофи бозори меҳнат ва таҳкими нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодии кишвар таҳия ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Феълан лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, уҳдадориҳои байналмилалии кишварро аз рӯи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 қабул шудаанд, низ дар бар мегирад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде паси сар гардид ва имрўз Тоҷикистон ба кишваре мубаддал шудааст, ки дар он иқтисоди муосири бозаргонӣ ташаккул ёфта, ба татбиқи нақшаҳои азими рушди устувор заминаи воқеӣ фароҳам гардидааст. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба мўътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд[4,c.114].
Имрӯзҳо марҳалаҳои аввали Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030 амалӣ гашта истодааст, ки он барои пешрафти некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи-2030, ин вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул мебошад, ки бо сохтмони корхонаҳои хурду азим ва ба истифода додани онҳо дар мамлакат ин ҳадаф амалӣ карда шуда истодаанд. Воқеан ҳам халқи тоҷик бо ин ҳама маънавияти бузурги худ дар роҳи бунёди иқтисоди пойдори милливу давомдор мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин ҷода талошҳои бе мисл анҷом медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки аз соли 2000 инҷониб рушди устувори иқтисодӣ 5-7% мушоҳида мешавад. Ҳукумат барои рушди иқтисод 4 минтақаи озоди иқтисодӣ - «Данѓара», “Суѓд”, “Панҷ”, “Ишкошим”-ро ташкил намудааст ва онҳо имрӯз хуб фаъолият мекунанд. Ба субъектҳои МОИ як қатор имтиёзҳои иқтисодӣ дода шудаанд. Онҳо аз андоз ва боҷи гумрукӣ озоданд. Ҳама монеаҳои маъмурӣ дар рушди МОИ бартараф карда шудаанд.
Хусусан фаъолиятиМОИ “Суѓд” назаррас аст. Ҳаминро ёдовар бояд шуд, ки МОИ “Суғд” фаъолияти хешро аз моҳи августи соли 2009 оғоз кард. Масоҳати умумии минтақа 320 гектар мебошад. Дар минтақа муҳити мувофиқ ва шароити хуб барои маблағгузорон, махсусан преферентҳои андоз ва гумрук фароҳам оварда шудааст. Шиори минтақа – шаффофият, муомилот, маҳорати касбӣ ва ҳадафмандӣ мебошад. Аллакай 27 субъект барои фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шуда, чандтои онҳо имрӯз маҳсулот истеҳсол карда истодаанд. Минтақаи озоди иқтисоди “СУҒД” асосан – минтақаи саноатию, истеҳсолӣ ва иноватсионӣ мебошад. Мӯҳлати амали МОИ «Суғд» 25 сол муайян карда шудааст[6].
Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ташаккули муносибатҳои бозорӣ вобастагӣ дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар тағйиротҳо дар ҳама соҳаҳо ва бахшҳои иқтисод ба амал омаданд. Бахши хусусӣ ба ташаккул ёфт, равандҳо хусусигардонӣ ва ѓайридавлатигардонии моликият омили муҳими рушдииқтисодиёт гаштанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклҳои моликият ба иқтисодиёт ва аҳолӣ куллан таѓйир ёфт. Шаклҳои хизматрасонӣ дигаргун гашт. Дар даврони шўравӣ, пеш аз гузаштан ба иктисоди бозаргонӣ, хизматрасонӣ тавассути корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ амалӣ мегаштанд. Баъди ба даст омадани соҳибистиқлолӣ бошад хизматрасониҳои манзилӣ, мусофирбарӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сайёҳӣ ва экскурсияҳо, хадамоти тиббӣ, алоқа, маориф, фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар намудҳои хизматрасонӣ, бо воситаи бахши ғайридавлатӣ, яъне тавасути бахши хусусӣ ба роҳ монда шуданд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардидаанд. Инҳо: 1) баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ; 2) таъмини амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии озуқа; 3) истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ; ва 4) саноатикунонии босуръати кишвар мебошанд. Албатта дар ин самтҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бакомёбиҳо муваффақ гардидааст. Вале, новобаста аз дастовардҳои аниқу дақиқ ҳалли ин муаммоҳо дар даҳсолаҳои наздик ҳамчун самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллии мамлакат боқӣ мемонанд[3].
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баромадан аз бунбасти ком-муникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ бо кишвари транзитӣ ба комёбиҳои назаррас муваффақ гардидааст. Ин дар сохтану ба истифода додани роҳҳои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, сохтмони нақбҳо, пулҳо ва дигар низоми инфрасохторӣ мебошад, ки дар солҳои охир баръалло ба чашм мерасад.
Стратегияи азнавсозии роҳҳои автомобилгард, бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳҳои ҳозиразамон, алоқа бо тамоми ҷаҳон аз тариқи кушодани хатсайрҳои нав ба рушди иқтисодиёт, савдои дохилӣ ва хориҷӣ омили ҳалкунандаи рушди иқтисодиёт гардид. Стратегияи мазкур марҳила ба марҳила дар чаҳорчӯбаи Консепсияи "Роҳи бузурги абрешим" амалӣ карда мешавад.
Дар ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шароити душвори кӯҳистонӣ, аллакай артерияи нақлиёти автомобилӣ мавҷуд аст, ки он 17 роҳи аҳамияти байналмилалӣ ва зиёда аз 80 роҳи аҳамияти ҷумҳуриро дар бар мегирад, ки он ҷумҳуриро бо кишварҳои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмону таҷдиди роҳҳоэътибори ҷиддӣ медиҳад. Танҳо таи 30 соли Истиқлолият аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ, зиёда аз 50 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шудааст, ки роҳҳои автомобилгард (сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум), пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистону Афғонистон, дар мавзеъҳои Тем, Рӯзвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯрообод, нақбҳои «Истиқлол», Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ» ва «Хатлон», азнавсозии таҷҳизотҳои фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва ғайраро дарбар мегирад.Дар давраи истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақб сохта ба истифода дода шуд.
Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин хотир дар сохторҳои марбута (нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан) дигаргуниҳо сурат гирифтанд, назди онҳо вазифаҳои нав гузошта шудаанд.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳар сол аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳи байналмилалиро сохта, ба истифода супорад[16].
Ҳадафи муҳими стратегӣ ин таъмини истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ мебошад. Бо сайъу талоши Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон назар ба истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар саросари Осиёи Марказӣ беш аз 2 маротиба зиёдтар аст, кион ба 130,5 миллиард кВт баробар аст ва 56% ҳаҷми умумии истеъмоли захираҳои аввалияи энергетикии Осиёи Марказиро, аз ҷумла газ, нафт ва ангиштро ташкил медиҳад[15]. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа 69% -и иқтидори умумии гидроэнергетикиро дар ихтиёр дорад. Тибқи ҳисобҳо, айни замон ҳамагӣ 3,24 - 5,0% -и ин иқтидор истифода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз бӯҳрони энергетикӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ барномаи рушди саноати электроэнергетикии кишварро оғоз бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар давраҳои солҳои 2008 – 2020 ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид. Дар тӯли ин солҳо бо кӯмаки захираҳои молиявии хориҷиёнсохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтўда-1" -ро бо иқтидори 670 МВт бо ҳиссаи Корпоратсияи давлатии Росатоми Федератсияи Россия - 60,13%, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 25% амалӣ гардид.Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтўда-2" бо иқтидори 220 МВт аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба истифода дода шуд.
Инчунин“Маркази барқу гармдиҳииДушанбе – 2» марҳилаи аввал бо иқтидори 100 МВт, марҳилаи дуюми “Маркази барқу гармдиҳии Душанбе – 2” бо иқтидори 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Хатти баландшиддати интиқоли барқии 500 кВ “Ҷануб-Шимол”, хатти интиқоли барқии 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ “Хуҷанд-Айнӣ”, хатти интиқоли барқи Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ), зеристгоҳи барқии Шаҳринав бо иқтидори 2 х 150 МВт, зеристгоҳи Хонақоҳ бо иқтидори 2 х 25 МВт, хатти интиқоли барқӣ 110 кВт барои пайвастани зеристгоҳ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони дуюми Маркази барқу гармдиҳии дуюми шаҳри Душанбе бо иқтидори 300 МВт» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Ғайр аз ин, хатти интиқоли барқӣ 220 кВт «Гулистон» дар ноҳияи Ашт амалӣ гардид. Бояд зикр намуд,ки бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад.
Таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» дар соли 2019 ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар НБО “Сарбанд” ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ идома дорад. Айни замон, кор дар самти оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ босуръат идома дошта, ба он беш аз 470 млн сомонӣ сармояи давлатӣ равона гардидааст. Дар назар аст, ки ин иншооти муҳим соли 2022 ба истифода дода шавад.
Албатта,баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии он ба истифода додани НБО “Роғун” мебошад. То моҳи сентябри соли 2019 ду агрегати НБО “Роѓун” ба истифода дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш НБО “Роғун”дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ тавлид намояд, ки ин дар қитъаи Осиё беназир аст.
Ҳадафи "Стратегияи рушди гидроэнергетикаи хурд дар Тоҷикистон"[13] аз таъмини боэътимод ва устувори аҳолии ноҳияҳои алоҳида ва дурдасти ҷумҳурӣ, инчунин тиҷорати хурду миёна бо нерӯи барқ иборат аст.
Қисми зиёди (71,1%) захираҳои энергетикӣ дар ҷануби кишвар ҷойгиранд. Дар шимоли Тоҷикистон ҳамагӣ 6,8% захираҳои гидроэнергетикии кишвар ҷойгир буда, дар ин минтақа, пас аз қатъ гардидани мубодилаи барқ дар доираи системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ асосан маҳдуд гашта буд. Мушкилоти коҳиши норасоии энергетикӣ дар вилояти Суғд дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқ (Ҷануб-Шимол), ки қисмати шимолии кишварро бо ҷануб ба ҳам мепайвандад, ҳал карда шуд, яъне дар ҷумҳурӣ системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омад.
Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити имрӯза ҳалли ин масъала яке аз муаммоҳои на танҳо локалӣ (яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа), балки яке масъалаҳои глобалӣ (байналмилалӣ) ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои расидан ба ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида, дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсат заминҳои деҳқонӣ, ки бо номи заминҳои президентӣ машҳур аст, ба аҳолии кишвар дода шуд.
Ба қавли Сарвари давлат ҷудо гардидани заминҳои президентӣ ба аҳолӣ ба замоне рост омад, ки давлати Тоҷикистони тозаистиқлолро гуруснагӣ ва нестшавӣ таҳдид мекард ва ин иқдом мардумро аз ҳалокат ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, қадамҳои аввалинро барои рушди кишвар ба вуҷуд овард. Аввалин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон" моҳи октябри соли 1995 имзо шуда буд. Зарурати бо озуқа таъмин кардани ахолиро ба назар гирифта бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ташвиқ намудани сокинони деҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1997 фармонро «Дар бораи ҷудо кардани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии шахсии ёрирасони шаҳрвандон " ба имзо расонид. Тақсимоти саривақтии "заминҳои президентӣ", аз як аз тараф ислоҳоти заминро суръат бахшид ва аз тарафи дигар, шуғли хусусиро дар соҳаи кишоварзӣ таъмин намуд.
Моҳи июни соли 1996 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи азнавташкилдиҳии корхонаҳои кишоварзӣ" ба тасвиб расид, ки дар асоси он хамаи колхозу совхозҳои зиёновар бояд
бартараф карда шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) табдил дода мешуданд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 206 колхозхо, 362 совхоз ва 19 корхонаи байнихочагӣ мавҷуд буданд. Онҳо дар муддати кўтоҳ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шуданд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии кишвар бо озуқа чораҳои таъхирнопазир меандешад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ низоми муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, он бар уҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Дар моддаи 5- и Қонуни мазкур омадааст, ки мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳимаз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад. Дар ин замина ҳамзамон баҳри рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои муҳим замина гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳар як суханронӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар ба масъулин бобати рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд кардани истеъмоли маҳсулот, васеъ кардани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Воқеан дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳури аз самаранокӣ ва уствории рушди хоҷагии қишлоқ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.
Барои пурра ноил шудан ба ин ҳадаф моҳи декабри соли 2017 мақомоти нави марказии давлатӣ – Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ, махсусан дар заминаи тадбиқи «Барномаи бехатарииозуқаворӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2019-2023» фаъолияташро дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотеро, ки дар кишвар истеҳсол карда мешаванд ва ё аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, таҳтисанҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст.
Омили дигаре, ки ба баландшавии суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд, парвариш ва фурӯши ниҳол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз яке аз самтҳои асосӣ ва сердаромади комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ боѓдорӣ ба шумор меравад. Рушду инкишофи ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо шарофати қабули якчанд барномаҳои давлатӣ боз ҳам суръати тоза гирифт. Дар барномаи давлатии «Рушди соҳаи боѓу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» баробари бунёди боѓҳои анъанавӣ ба бунёди боѓҳои интенсивӣ низ афзалияти махсус дода шудааст, ки ин талаботи замон мебошад.
Шароити хоку иқлими вилояти Суѓд барои ташкили боѓҳои интенсивии дарахтони мевадиҳанда мусоид буда, дар сурати риояи ҳамаи корҳои агротехникӣ ҳосили баланд ва босифатро ба даст овардан мумкин аст. Дар ноҳияҳои водигии вилоят (Б. Ѓафуров, Конибодом, Ашт, Исфара) ташкили майдонҳои намоишии боѓҳои интенсивии меваҳои донакдор ва дар ноҳияҳои наздикўҳӣ (Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Айнӣ, Панҷакент) боѓҳои меваҳои тухмдор аллакай натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Дар оянда барои аз нав барқароркунии боѓҳои кўҳна ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ҷорӣ намудани технологияи мазкур бо истифода аз обёрии қатрагӣ мақсаднок мебошад.
Такмили низоми муносибатҳои заминдорӣ, ба деҳқон додани ихтиёри истифодаи замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳои нав имконият доданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайванданд.
Ҳадафи чоруми стратегӣ –саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки ин нукта, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар мамлакат солҳои охир даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути бунёди ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд кард, ки «... бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, ман пешниҳод мекунам, ки индустриализатсияи (саноатикунонии) босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кунам"
Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.
Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сатҳи рушди саноат алоқамандии зич дорад, ки саҳми соҳаҳоро дар таъмини рушди инноватсионии иқтисодӣ объективона инъикос мекунад. Бо мақсади таъмини диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди потенсиали инноватсионии он ва рушди соҳаҳои коркард ва технологияҳои баланд, тиҷоратикунонии коркарди илмии дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазири Стратегияи соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия карда шуд.
Бояд зикр намуд,ки дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрӣ табдил ёфта буд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2.308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 ададаш корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаҳои саноати вазнин ва 119 ададашон корхонаҳои саноати сабук буданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 -1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият мекарданд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ воридгардида рақобат карда наметавонистанд .
Дар солҳои истиқлолияти кишвар дар рушди саноати миллӣ дигаргуниҳои куллии сохторӣ ба амал омаданд, ки онҳоро дар асоси таҳлил мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар саноати сабук зиёда аз 50 корхонаи калон бо 9500 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд. Аз инҳо 17 корхона бо 2225 ҷои кор дар вилояти Хатлон, 15 корхона бо 3305 ҷойи кор дар вилояти Суғд, 10 корхона бо 2760 ҷойи кор дар Душанбе, 4 корхонаи дорои 1000 ҷойи кор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 3 корхонаи дорои 300 ҷойи кор дар вилояти автономии Бадахшони Кўҳӣ таъсис ёфтанд.
Асосан, дар корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта, чарм, пахтаи тиббӣ, либосдӯзӣ, ҷӯроб, мебел ва халтаҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ва ба кор андохта шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи корхонаҳои саноати сабук аз 63 дар соли 1991 ба зиёда аз 486 дар соли 2020 афзоиш ёфт.
Саноати истихроҷи маъдан ва саноати металлҳои қиматбаҳо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо суръати баландтар тағйир ёфтанд. Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист, 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз маъданҳои фоиданок бой мебошанд. Бо мақсади зиёд кардани ин захираҳо дар кишвар тадқиқоти геологӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он садҳо кони металлҳои ранга, сиёҳ, нодир ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё ва маводи кӯҳӣ кашф карда шуданд.
Дар кишвар як қатор маҷмааҳои истихроҷ ва коркарди маъдан ва корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият доранд, корҳои сохтмонӣ оид ба таъсиси корхонаҳои коркарди маъдан идома доранд.
Агар ҳиссаи бахши истихроҷи маъдан дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ дар соли 1991 8,0% бошад, пас дар соли 2020 - 25,1%-ро ташкил дод. Дар солҳои охир, бинобар андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ иқтидори корхонаҳо барои истихроҷи металлҳои ранга 60-80% афзуда, ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли умумии соҳа ба таври назаррас боло меравад.
Бо саъю кӯшиш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлатамон. Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра шумораи корхонаҳо бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ афзоиш ёфт, аз ҷумла 25 корхона барои истихроҷи тилло, нуқра ва металлҳои ранга, 7 корхона барои заргарӣ ва коркарди ашёи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, 5 корхонаи коркарди сангҳои ороишотӣ таъсис дода шуданд.
Дар давраи аз соли 1992 то 2016 дар саноати кӯҳкории кишвар 38 корхона, аз ҷумла 23 истихроҷ ва коркард, 8 заргарӣ ва 7 корхона барои истихроҷ ва коркарди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишотӣ таъсис ва ба кор андохта шуданд.
Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тақсимоти синфии замони шӯравӣ, ки аз синфи коргару деҳқон ва зиёиён иборат буд, ба дигагунии куллӣ дучор шуда, ҳайати иҷтимоии ҷомеа ба табақаҳои нави иҷтимоӣ тақсим шуд.
Албатта дар замони шӯравӣ ҳам тафриқа байни табақаҳои ҷомеа вуҷуд дошт, вале хеле ночиз буда, шаҳрвандони ҳамаи табақаҳо зери ҳимояи давлат қарор доштанд.
Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи муҳимми ташаккул ва рушди иқтисоди бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ барномаҳои соҳавию минтақавӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки раванди ислоҳотро дар самти ташаккули асосҳои иқтисоди бозоргонӣ, такмили истеҳсоли маҳсулот, савдою хизматрасонӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули шаклҳои гуногуни моликият, боздоштани беқурбшавии пул, ташкили низоми мӯътадили молиявӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисоди миллӣ фароҳам оварда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 барномаи мушаххаси аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани кишварро пешниҳод карда буданд. Роҳбари давлат, аз ҷумла, зарурати таъмини барқарорсозии фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва дар самти тадриҷан ба муносибатҳои бозорӣ гузаронидани иқтисодиёти ҷумҳуриро афзалият доданд. Таъмин ва таҳкими устувориву субот дар ҳаёти ҷомеа сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва боиси боз ҳам афзун гардидани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то инҷониб ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ қариб зиёда 30 маротиба афзоиш ёфт ва боиси аз 81 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ гардид. Ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар соли 1991 он ҳамагӣ 131,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода бошад, ҳоло ин нишондиҳанда 35 маротиба афзоиш ёфтааст. Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба Буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Дар ин давра на танҳо асноди меъёриву ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардиданд, балки механизмҳои дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии бозорӣ низ такмил дода шуданд. Дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва танзими шароити созгор барои рушди соҳибкорӣ имкон дод, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба андозаи назаррас боло рафта, соҳибкорӣ ба фишанги муҳимтарини таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Ҳамин тартиб дар ин давра корҳои зиёд барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди кишварҳои мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии Асъор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор ва дигарҳо анҷом гирифтаанд.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти 2013 159-умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзо ва рушди саноати кишвар ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир, инчунин зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани содироти молҳои ватанӣ, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ заминаҳои мусоидат фароҳам овардааст.
Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузургу таърихӣ дорад. Чунки маҳз Истиқлолият барои амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Исомитдинов Ж.Б., н.и.т., дотсент - мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ “Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”