​Нақши Пешвои миллат дар ташаккули мактаби нави ҲХДТ

Таҳти ин унвон дар кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг дар доираи “Ҳафтаи ҳизбӣ” бо донишҷӯён мулоқот баргузор шуд.

Ҷамъомадро мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг дотсент Сатторова Манзура ифтитоҳ намуда, аз нақшу ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид дошт.

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 сол инҷониб дар рушду нумӯи тамоми сохторҳои ҷомеаи Тоҷикистон нақши меҳварӣ гузошта меояд.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ замоне вориди саҳнаи сиёсӣ гардид, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳизби Коммунистӣ ҳизби дигаре расман фаъолият намекард. Ҳамчунин дар он рӯзгор ҷанги шаҳрвандӣ ҳам идома дошт. Мардуми он замон бошад дар ғами ҷон ва нон буд. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон рӯзгор сар карда, ба тадриҷ сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва мафкураи миллӣ тавассути Лидери сиёсӣ- Эмомалӣ Раҳмон ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки имрӯз ҳосили он заҳматҳо ва хидматҳо натиҷаҳои муҳим ва муфиди ба бор овард.

Дар идома як қатор дотсентони кафедра маърӯзаҳо ироа намуданд. Дар маърӯзаҳо зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 - уми декабри соли 1994 ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, инъикоскунадаи вазъи кунунии мафкураи миллӣ, сиёсӣ- иҷтимоӣ, маънавӣ дар масири расидан ба зиндагии ободу осуда ва созанда мебошад.

“ҲХДТ ормонҳои мардуми саодатманд ва сарбаланду сарсабзи Тоҷикистон аст. Ҷонибдорӣ ва иродатмандӣ ба ҲХДТ ва Роҳбари муаззами он ҷонибдорӣ аз низоми давлатдорӣ ва давлатсозии миллӣ, сиёсати дохилии Тоҷикистон, эътироф кардани сохти конститутсионӣ ва амну осоиши ҷомеа ва дастгирӣ аз сиёсати маънавибунёди Эмомалӣ Раҳмон мебошад” – зикр доштанд маърӯзачиён.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ