Нақши Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр
Бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабӣ Ботурова Муқаддас бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 201, 202, ва 203 дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр” мизи мудаввар доир гардид.
Гуфта шуд, ки барои Тоҷикистони тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор ва иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.
Аз ин рў, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ арзанда ҳастанд.
Сипас, аз тарафи донишҷӯи гурӯҳи 202 Назарова Наргиза бо маърӯзаи пурмуҳтаво шунида шуд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба хидматҳои Пешвои муаззами миллат табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил