НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁД ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ МАОРИФИ КИШВАР
Имрӯз дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён вохӯрии муҳимми сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бахшида шуд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба аҳаммияти таърихӣ ва стратегии Паёми Президенти кишвар ибрози назар намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ андешаҳои худро баён дошт.
Сипас, ходими намоёни сиёсиву давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова ба сухан баромада, нуктаҳои калидии Паёмро ҳамчун санади муҳимми раҳнамунсоз ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Дар идома ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар баромади хеш зикр дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад. Таъкид гардид, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои таълим ба талаботи замони муосир пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Афзуда шуд, ки рушди тафаккури эҷодӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа маҳсуб меёбанд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардонидани сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ туҳфаҳои хотиравӣ, сипоснома ва ба аъзоёни тозавориди ҳизб шаҳодатномаҳои аъзогӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил