Нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон
Таҳти ин унвон бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз бо ташаббуси кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ дарси кушод доир гардид.
Ин ташаббус бо роҳбарии дотсенти кафедра Қӯзиева Нодира гузаронида шуд. Дар доираи дарси мазкур аз ҷониби донишҷӯён доир ба мавзӯи меҳварии дарс андешаҳо иброз шуд.
Таъкид гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рўз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омўзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард.
Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор миёни донишҷӯён дарс анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил