​Нақш ва масъулияти омӯзгор дар замони Истиқлол

Дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тољик тањти унвони “Нақш ва масъулияти омӯзгор дар замони Истиқлол” конференсия доир гардид. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба нақш ва мақоми омӯзгор дар замони Истиқлол ибрози назар намуд.

Дотсенти кафедра Мирзоҳабиб Аҳмадов доир ба “Шахсияти омӯзгори фанни адабиёт” маърӯза намуда, зикр дошт, ки омўзгори асил дар натиљаи муттасил таълим додани адабиёт дар мактаб таљрибаи бештари омўзгорї њосил намуда, худ роњу василаи бењтарини таълимро мељўяд, пайваста меомўзад, дар таълим додани шогирдон муносибати эљодиро ба роњ мемонад. Таљрибаи мактабї асоси пайдо гардидани мањорати омўзгорї ва усулњои мушаххаси омўзиш мегардад.

Инчунин, номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллим Каримова доир ба “Салоҳиятҳои касбии муаллимони ҷавон дар МТМУ” маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки дар ҳама давру замон маориф ҷабҳаи пешбурди ҷомеа ва раванди соҳибмаърифатии инсон мебошад. Аз ин рӯ, ҳамеша дигаргуниҳои кулли ҷомеа, муайян намудани самтҳои ояндаи инкишофи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва сиёсат, вазифаи асосии маориф ва масъулияти ҳамин сохтор ба шумор меравад. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо татбиқи муносибати босалоҳиятро дар раванди таълими фанҳо бояд дуруст роҳандозӣ намуд.

Барои татбиќи низоми мазкур омўзгорон бояд якчанд назарияњои асосии таълимоти муосирро донанд ва ба таври самаранок дар амал татбиќ карда тавонанд.

Дар идома дотсенти кафедра Пӯлодова Шоира дар бораи “Мавқеи барнома ва китобҳои дарсии адабиёти тоҷик дар таълими Камоли Хуҷандӣ” ва профессор Абдуқодиров Абдусаттор доир ба омўзиши муаммоњои тайёрии касбии кадрњои педагогї маърӯза намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ