​Нахустмаҳфили байнидонишгоҳӣ

Бо ташаббуси кафедраи барномарезӣ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфил доир гардид.

Маҳфили мазкур миёни ин ду донишгоҳ ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуд.

Дар кори маҳфил донишҷӯёни фаъол, ташаббускор ва лаёқатманд ҷалб гардиданд.

Нишасти нахустини маҳфилро, ки дар назар аст, минбаъд низ идома ёбад, мудири кафедраи барномарезӣ Нуриллоев Хушбахт ифтитоҳ бахшид. Номбурда зимни суханронӣ аз ҳадаф ва мақсади ташкили маҳфили мазкур сухан кард.

Дар идома донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ Олимов Нуруллохон перомуни мавзӯи "Замимаи мобилии "Алифбо" маърӯза намуд.

Интизор меравад, ки маҳфили навбатии байнидонишгоҳӣ санаи 4-уми декабр дар кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои вилоят баргузор хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ