​Мусобиқаи вилоятӣ оид ба вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз

Дирӯз бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва Ташкилоти ҷамъиятии рушди варзиши маъюбони вилоят дар тарабхонаи Мирзоҳабиби шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз гузаронида шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи варзиш истода гузашта, таъкид намуд, ки мусобиқа ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва 90-солагии донишгоҳ роҳандозӣ мешавад. Дар чорабинӣ наздик 60 нафар варзишгарон ва хоҳишмандон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст ба иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, 24 нафар ғолиби мусобиқа бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр шуданд.

Чорабинӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, он аз чорабиниҳои навбатӣ маҳсуб меёбад, ки қаблан аз рӯи намудҳои варзишии дастхобонӣ ва шохмот роҳандозӣ гардида буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ