​МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд миёни хатмкунандагони муассиса баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Ба иттилои масъулон, ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими омодагии ҷисмонӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон мебошад. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани рӯҳияи ифтихори миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид шуд, ки варзиш ҳамчун воситаи муҳимми тарбиявӣ дар шаклгирии шахсияти солим, масъулиятшинос ва фаъоли иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Ҳамзамон баргузории мусобиқаҳои варзишӣ омили муассири тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ