Мусобиқаи футболи хурд

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба моҳвораи ҷавонӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, миёни устодону кормандони донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр ва дигар намояндагони соҳаи варзиш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр гардид, ки рушди футбол яке аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома ҳамасола 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ҷаҳон таҷлил мегардад. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон чун рушди дипломатияи варзишӣ бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.
Қобили зикр аст, ки мусобиқа давоми се рӯз миёни дастаҳои факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуда, дар маросими ҷамъбастӣ ба дастаҳои ғолиб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ тақдим карда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил