Муоширати солим-асоси хушбахтии оила

Дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ ҷамъомади навбатии маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» дар мавзўи «Муоширати солим-асоси хушбахтии оила» баргузор гардид. Маҳфилро раиси шўрои занони Донишгоҳ (раиси маҳфил) Раҷабова З. ҳусни оғоз бахшид. Ў қайд кард, ки дар ҳама давру замон тамоми бурду бохти зиндагӣ ба кори оила ва оиладорӣ зич марбутаст. Аз ин лиҳоз, давлат ба оила чун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад. Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хуҷанд Шодибоева М. баромад намуда, қайд кард, ки мавзўи интихобгардида хеле саривақтӣ ва актуалӣ мебошад, зеро ҷамъияти солимро оилаҳои солим барпо мекунанд, баъд оид ба мавқеи зан дар ҷомеа ва оила суханронда, ҳамаро ба таҳаммулпазирӣ,якдигарфаҳмӣ, муросогӣ ва тайёр будан ба барпо кардани оилаҳои солим даъват кард. Сипас Ҳотамова М.Ғ. муаллимаи кафедраи фалсафа оид ба муоширати солим дар оила сухан карда, қайд кард, ки инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати руҳонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ омода бошад. Ў дар маърўзаи худ оид ба Соли 2015 эълон гардидани соли Оила ёдовар шуда, оид ба роҳҳои мустаҳкамгардонии оила, боварӣ ва муҳаббатизану шавҳар, фарзандону волидайн, ӯҳдадориҳои волидайн дар тарбияи фарзандон ва тайёр кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва ғ. аз панду андарзҳои ниёгонамон, аз ҳаёти имрўзаю ояндаи халқу миллат мисолҳои бисёре оварда, ҳозиринро ба ҳаёти оромонаю муваффақона гузаронидан талқин намуд. Донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ муҳимияти муоширати солимро дар оила бо саҳначаҳои ҷолиби диққат инъикос намуданд.

Донишҷӯи соли аввали факултети биология ва химия Қаюмова Дилфузахон ҳикояеро бо ном “Меҳри модар” хеле бомаҳорат нақл кард.

Дар қисми фарҳангии маҳфил аз тарафи донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ – дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон бо ном «Пайравони Афандӣ» якчанд саҳначаҳои ҳаҷвӣ оид ба оилаю оиладорӣ, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар ва устод намоиш дода шуд.

Маҳфил хеле хуб ва хотирмон гузашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ