Мулоқоти вакил бо устодону донишҷӯён

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷараён дорад. Имрӯз дар асоси нақшаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия дотсент Набизода Мирзотоҳир ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафҳои мулоқот ёдовар шуд.
Мавсума Муинӣ-Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, ҳамаи иштирокдорони мулоқоти имрӯзаро ба муносибати фарорасии ҷашни муқаддас, 32-солагии Истиқлоли миллӣ табрик гуфт. Номбурда роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, арзиши истиқлолу ваҳдат ибрози назар намуда, афзуд, ки Истиқлоли миллӣ воқеан дастоварди бузургу беназири таърихист, ки ба талошу пайкорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 32 сол таҳким ёфта, кишвари моро узви анҷумани кишварҳои олам гардонид.
Зимнан Мавсума Муинӣ аз хатарҳои ҷомеаи муосир ёдрас гардида, истиқлолу ваҳдати миллиро бузургтарин ганҷ ва арзи ҳастии миллат маънидод намуда, иштрокдоронро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ даъват намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил