Мулоқоти ректорони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ноҳияи Зафаробод
Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд санаи 21 феврали соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2023-2024 вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баромад намуда, ба хатмкунандагон доираи ихтисосҳои амалкунанда ва базаи моддиву техникии Донишгоҳ маълумот дод.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти таълимии он дар 18 факултет ва 82 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.
Дар донишгоҳ аз 1470 нафар теъдоди умумии кормандон 904 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 216 нафар сармуаллим ва 221 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 566 нафар кормандон дар сохторҳои донишгоҳ кору фаъолият доранд.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.
Дар ҷамъбасти мулоқот хатмкунандагон ба роҳбарони муассисаҳои олӣ суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил