Мулоқоти муовини Вазир бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ: вазифагузориҳо дар самти таъмини рушди равандҳои фаъолият

Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ баргузор шуд. Мулоқот бо мақсади муаррифии устувори самтҳои нави сиёсати маориф ва илми кишвар ва табодули назар дар мавзуъҳои муҳим ва стратегӣ барои рушди муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқзода аз аҳамияти рушди маорифи кишвар ва дастгирии тамоми барномаҳои таълимӣ ва илмӣ дар доираи татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, афзуд, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаҳои таълим, тарбияи насли нав ва рушди илму техника таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои охир бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори бузурги сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва илми кишвар ҷудо шуда, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои олии кишвар ва таълимгоҳҳо ташаббусҳои судманд роҳандозӣ мегардад.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни илм ва технология, инчунин, рушд ва инноватсия муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки донишгоҳ бо барномаҳои таълимии муосир ва истифодаи технологияҳои пешрафта дар ҷараёни таҳсил ва тадқиқот дар самти омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва қобилиятманд дар рушди кишвар саҳми шоиста гузошта меояд.
Ҳамзамон, дар доираи мулоқот масоили марбут ба таъмини рушди равандҳои фаъолияти донишгоҳ, таҳкими сифати машғулиятҳо, баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон, риояи интизоми меҳнатӣ, иҷрои сифатноки рисолати касбии омӯзгорон ва густариши корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби довталабон дар заминаи таҳкими ҳамкорӣ бо Маркази милии тестӣ баррасӣ гардиданд.
Муовини ректор оид ба таълим дотсент Набизода Мирзотоҳир дар мавриди татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии кишвар ироа намуданд, дар самти таъмини пешрафти равандҳои фаъолияти донишгоҳ ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари олии кишвар талош варзида, дар самти беҳтар намудани шароити омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таҳсилот чораҳои зарурӣ меандешад.
Набизода Мирзотоҳир зикр намуд, ки тарбияи мутахассисон дар шароити глобализатсия ва рушди босуръати технологӣ метавонанд дар марҳалаи нави рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фанновариҳо, иқтисод ва илми ҷомеашиносӣ нақши муассир гузоранд. Ба ин хотир, донишгоҳ барномаҳои таълимии муосир ва ҷиҳати тавсеаи таҳқиқоти илмӣ ҳамкориҳои байналмилалиро рушд дода, барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ аз тамоми имконият истифода менамояд.
Дар анҷоми мулоқот муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода таъкид намуд, ки пешрафт ва муваффақият дар соҳаи маориф ва илми кишвар маҳз аз саъю кӯшишҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳҳо, ки бо масъулият ва хидмат ба Ватан барои таълиму тарбия ва инкишофи дониш ва илму техника кор мекунанд, вобаста аст.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои гуногуни байналмилалӣ, мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосир ва омодасозии кадрҳои баландпоя дар ҷодаи илм ва технологӣ ҷиҳати таъмини рушди илму маорифи кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Изҳори бовар шуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ минбаъд низ бо масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ рисолати пуршарафи худро дар сатҳи шоиста анҷом дода, баҳри мусоидат ба пешрафти соҳаҳои афзалиятноки кишвар хидмати мондагор анҷом хоҳанд дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил