Мулоқоти муовини Вазир бо масъулини Донишгоҳ: вазифагузориҳо ҷиҳати таҳкими фаъолият

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода доир гардид. Дар кори мулоқот роҳбарияти Донишгоҳ, деканони факултет, муовинони онҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди соҳибтахассус, таҳкими равандҳои фаъолияти Донишгоҳ аз мавзуъҳое буданд, ки дар доираи кори мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мақсаду мароми чорабиниро шарҳ дода, ҳамзамон мухтасаран аз дастовардҳои соҳа ёдовар шуд ва ба мулоқоти мазкур ҳусни оғоз бахшид.

Лутфия Абдухолиқзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ унвон намуда, нақши устодони Донишгоҳро ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҳирфаии лаёқатманд муассир маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки дар назди ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ масъулияти баланд ва пурифтихор, таълиму тарбияи ҷавонон – нерӯи ояндасози ҷомеа ва давлат қарор дорад, ки бояд дар сатҳи шоиста анҷом ёбад.

Тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсии муҳассилин ва пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа мавзуи дигари мулоқот буд, ки муҳокима шуд.

Масъулини Донишгоҳ муваззаф гардиданд, ки дар самти шаффоф ва сифатнок ба роҳ мондани имтиҳоноти сессияи тобистона, аттестатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм корбарӣ намуда, меъёри шаклҳои имтиҳонотро (60% хаттӣ ва шифоҳӣ, 40% тестӣ) риоя намоянд.

Бо вазифагузориҳо ҷиҳати таъмини пешрафти фаъолият ва расидан ба дастовардҳои арзанда мулоқот ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ