​Мулоқоти маҷозӣ бо Институти таҳсилоти забони чинии Донишгоҳи омӯзгории Пекин

Дирӯз дар толори хурди раёсати Донишгоҳ мулоқоти маҷозӣ (онлайнӣ) байни намояндагони Институти таҳсилоти байналмилалии забони чинии Донишгоҳи омӯзгории Пекин бо сардории директори инстути мазкур Фен Липин ва намояндагони Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сардории муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухсора Давлатзода ҷиҳати барпо кардани муносибатҳои ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони ҳар ду тараф дар бораи имкониятҳои муассисаҳои таълимии худмубодилаи афкор намуданд. Дар давоми вохӯрӣ оиди чанд самти ҳамкорӣ муҳокима ва саволу ҷавобҳои дуҷониба ба миён омад. Дар охир хулоса карда шуд, ки дар 4 самт донишгоҳҳо метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд. Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои таъсиси ихтисоси муштараки 2+2 дар дараҷаи бакалавр барои ихтисоси забонҳои хитойи-англисӣ, фиристодани магистрантони институт ба донишгоҳи мо барои таҷрибаомӯзӣ, ташкили лагерҳои тобистона барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Чин ва фиристодани профессорони институт ба донишгоҳ барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ба омӯзгорони забони чинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик оиди масъалаҳои ба миёнгузошта шуда, боз муҳокимаҳои дақиқ байни ду донишгоҳ баргузор хоҳад шуд. Дар ин замина қарорҳои муайян қабул карда мешаванд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Институти таҳсилоти забони чинии Донишгоҳи омӯзгории Пекин бо ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба имзо хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ