Мулоқот: Тарбияи ватандӯстӣ – кафили таъмини рушди ҷомеа

Аҳамияти тарбияи ватандӯсти ҷавонон ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ин навбат ҳини мулоқот дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ марвиди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқоти мазкур тибқи нақша намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, раёсати кор бо занон ва оила ва шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз раёсати донишгоҳ дар мавзуи меҳварии мулоқот Хушрӯз Ҷамолзода, мудири шуъбаи ҷавонон суханронӣ намуд.

Мулоқот дар мавзуи мазкур дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад. Тафсилот дар гузоришҳои минбаъда дарҷ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ