​Мулоқот: Таҳкими маърифати ҳуқуқӣ

Бо ташаббуси кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо иштироки прокурори калони шуъбаи назорати қонуни будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои маданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Донохон Ҷӯраева мулоқот доир гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор шуд.

Мудири кафедра дотсент Бимукарама Дадобоевазимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар шароити имрӯза бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Мушовири адлияи дараҷаи 2 Донохон Ҷӯраева таъкид намуд, ки эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Ҳамзамон, муҳтаво ва мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” шарҳ дода шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ