Мулоқот: шарҳи муҳтавои суханронии Пешвои миллат
Дар кафедраи технология ва методикаи таълими он бо имомхатиби масҷиди ҷомеаи Бобохоҷа дар шаҳри Хуҷанд Саидикромов Саиднозим мулоқот доир гардид.
Ин ташаббус бо мақсади шарҳи муҳтавои суханрониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли 2024 дар кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе доир шуд, роҳандозӣ гардид.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.
Дар рафти мулоқот Саидикромов Саиднозим зикр кард, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи ҲНИ сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад, ки хисороту пайомадҳои вазнин гузошт.
Гуфта шуд, ки созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони сайёра, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб намудани онҳо аз тамоми василаву имкониятҳо истифода мебаранд.
Аз ҷавонон хоҳиш карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд, зеро маҳз ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил