Мулоқот: Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар замони муосир
Дар толори факултети геоэкология ва туризм мулоқоти судманд бо иштироки намояндаи Раёсати Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори миллитсия Муинов Мирзосӯҳроб дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2021, №187), таҳти унвони “Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар замони муосир” баргузор гардид.
Вохуриро ноибдекан оид ба таълим Ҳайдарова Мавзуна ифтитоҳ намуда, меҳмонону омӯзгорон ва донишҷӯёнр ба вохурӣ хайрамақдам гуфтанд.
Баъдан, Муинов Мирзосӯҳроб маърӯза намуда, қайд кард, ки имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар анҷоми мулоқот декани факултети геоэкология ва туризм дотсент, Абдухолиқзода Музаффар барои чунин як маърӯзаи мурмӯҳтаво ибрози сипос намуда, таъкид карданд, ки бо назардошти боло рафтани бархӯрдҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи башарӣ падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, сепаратизм ва маводи мухадир мебошад ривоҷ ёфт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонуну қарорҳое қабул карда шуд, ки дар тарбия насли наврас, таъмини амнияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ таъсиргузор мебошанд.