Мулоқот: роҳҳои пешгирии содир намудани ҷиноят байни ҷавонон
Бо мақсади риояи интизом ва пешгирии содир намудани қонуншиканиҳо байни ҷавонон дар факултети геоэкология ва туризм вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати ВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ализода Диловар баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи тарбияи раёсати Донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов, декани факултет дотсент Музаффар Абдухолиқзода, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат,дотсент Мурод Собиров ва устодону донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро декани факултет дотсент Музаффар Абдухолиқзода оғоз бахшида, аз ҳадафҳои он ёдовар шуд. Подполковники милитсия Ализода Диловар зимни баромадаш зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошт. Сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки мавқеи ҷавонон дар ин раванд хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Мавсуф ҳамчунн ба донишҷӯён оид ба сатҳи ҷинояткорӣ давоми 9 моҳи соли 2024 дар вилоятии Суғд, роҳҳои пешгирии содир намудани ҷиноят, аҳамияти хондани китоб, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои одоб дар ҷомеа ва ғайра суханронӣ ибрози назар намуд.
Дар идома Хайёмиддин Исмоилов доир ба хатарҳои бегонапарастиву ифротгароӣ байни ҷавонон маълумот дода, донишҷӯёнро ба худшиносиву худогоҳӣ ва омӯзиши илмҳои муосир даъват намуд
Дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт
Маркази иттилоот ва таҳлил