​Мулоқот: ҳифзи арзишҳои миллӣ

Бо мақсади тарғиби ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон мулоқоти корманди раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ализода Диловар бо устодону донишҷӯёни факултети санъат баргузор гардид.

Муовини декан оид ба корҳои тарбия Муҳаммадшафақ Юсуфӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Дар идомаи мулоқот подполковники милитсия Ализода Диловар перомуни хатарҳо ҷомеаи муосир, терроризму ифратгароӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмону ташкилотҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар ҳама ҳолат зираку ҳушёр бошанд, ва фирефтаи ақидаҳои ифртиву иртиҷоӣ нагарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ