Мулоқот ҷиҳати баррасии имкониятҳои бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили таълими забонҳои хориҷӣ

Санаи 26-уми апрели соли 2023 мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадаемик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом бо намояндагони Донишгоҳи файласуф Константини Ҷумҳурии Словакия, ноиб-ректори робитаҳои байналмилалӣ Мартина Павликова, профессор Зденка Гадушева, профессор Алена Хачкова, профессор Роман Кралик бо мақсади баррасии имкониятҳои бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили таълими забонҳои хориҷӣ доир гардид.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом дар бораи фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал дода, изҳор дошт, ки робитаҳои неки дӯстии миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Словакия аз умқи таърих оғоз ёфта, хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон сатҳу сифати ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар гардидааст.

Ноиб-ректори робитаҳои байналмилалӣ Донишгоҳи файласуф Константини Ҷумҳурии Словакия – Мартина Павликова барои пазироии тоҷиконаву самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки мо аз таваҷҷуҳ ва кӯшиши раёсати донишгоҳ барои рушд ва такмили омӯзиши забони хориҷӣ хушҳол ҳастем ва мекӯшем, то баҳри густариши он ҳамкорӣ намоем.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо аз таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҳамдигар изҳори ташаккур намуда, шартномаи ҳамкорӣ байни ин ду донишгоҳ баста шуд ва масъулин умедвории худро барои густариши равобити бештар баён доштанд.

Сипас, дар толори хурди раёсат семинар-вохӯрӣ бо устодони забони англисидон аз ҳар факултети донишгоҳ ҷиҳати муаррифии донишгоҳи номбурда ва имкониятҳои ояндаи иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии Эразмус+, такмили ихтисоси омӯзгорон ва мубодилаи академикӣ баргузор гардид, ки дар он 15 нафар устодон ширкат варзиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ