​Мулоқот бо намояндагони ширкати чинӣ

Байни хатмкунандагони ихтисоси хитойӣ – англисии факултети забонҳои шарқ бо намояндагони ширкати чинии ҶДММ КМ “Зарафшон” воқеъ дар шаҳри Панҷакент вохӯрӣ сурат гирифт.

Дар доираи мулоқоти мазкур мудири шуъбаи кор бо мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисос Ҷӯраев Муродҷон, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Пӯлотов Назирҷон ва мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Қосимова Марҳабо иштирок карданд.

Намояндагони ширкат ВУ Лэй – имуовини директори генералӣ, Ли Йихонг – сардори шуъбаи кадрҳо, Шарифов Мухибулло – муовини сардори зершуъбаи тарҷумонҳо ва Исрофилов Фаррух – сардори зершуъбаи кадрҳо ба донишҷӯён оид ба фаъолияти ширкат, ки ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар водии Зарафшон машғул аст, бо истифода аз муаррифинома маълумот доданд.

Донишҷӯён бо маҳорати баланди тарҷумонӣ ва бе душворӣ бо намояндагони ширкат бо забони хитойӣ саволу ҷавоб карданд.

Пешниҳод шуд, ки чунин мулоқот дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, инчунин биология ва химия низ гузаронида шуда, минбаъд дар ширкати мазкур донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ