Мулоқот: баррасии таҳдидҳои муосири ҷомеа
Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ перомуни мавзуи “Терроризм-вабои аср” мулоқот доир гардид.
Дар доираи ин ташаббус доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Атоев Атрулло оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ташкилотҳои экстримистию террористӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки ҷаҳони имрӯзаро насли ҷавон бо пешравию тараққиёти технология тасаввур менамояд. Аммо истифодаи техника ва технология аз ҳар шахс маърифати оқилона истифода бурдани онро талаб менамояд. Зеро имрӯзҳо нафароне вомехӯранд, ки пешравии технологияҳоро, аз ҷумла шабакаҳои интернетиро барои амалҳои муғризонаи худ истифода мебаранд.
“Дар шароити кунунӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб мешавад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бар зидди гурӯҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором созанд, мубориза баранд. Зеро муъҷизаи беназири таърихӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар дар фазои орому осоишта ба сар мебаранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо, насли имрӯз, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯш гирифтаем, бояд ҳамеша муттаҳид бошем, ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварем ва баҳри рушду такомули мамлакатамон саҳм гузорем” – зикр шуд дар мулоқот.
Ҳамзамон, донишҷӯён перомуни мавзуи мавриди назар фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил