​Мулоқот: Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ


22-юми октябри соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, шинос намудани донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, аз қабили фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1889 аз санаи 04.10.2007 (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-июли 2007, таҳти №14/2) дар бораи тасдиқи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.


Бахтиёр Шомирзоев - мудири шуъбаи тарбия ба сухан баромада, аз ҳадаф ва мароми вохӯри ёдовар шуд. Мавсуф зикр дошт, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва мубориза лалайҳи гурӯҳҳои ифротӣ ҳамеша фаъол бошанд. Хайёмиддин Исмоилов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ таъкид дошт, ки таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонони кишвар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Ҳамчунин декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, дотсент Муқаддас Шарифиён - декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар баромади хеш иброз дошт, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва ҷавонони факултет минбаъд низ баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон кӯшишу талош намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзишманди худро хоҳанд гузошт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ