​Мулоқот: “Ҷавонон – иқтидори пешрафт”

Масъалаҳои умдаву мубрами ҷомеа ҳини мулоқот бо донишҷӯёни факултети математика матраҳ гардид. Ин иқдом аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ роҳандозӣ шуд.

Дар мулоқоти мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия Усмонов Аюбҷон, мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов ва муовини декан оид ба корҳои илми факултети таърих Абдукаримов Ҷамолиддин иштирок намуданд.

Дар доираи мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим – пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, мусаллаҳ намудани донишҷӯён бо саводи иттилоотӣ-расонавӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва дигар мавзуъҳои актуалии ҷомеаи муосир баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилоъи Хайёмиддин Исмоилов чунин мулоқот силсилавӣ буда, тибқи нақша дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда мешаванд. Номбурда ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриро дар таҳкими ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, ки дар доираи мулоқот ба ҷавонон оид ба рисолат ва масъулияти шаҳрвандии онҳо андешаҳо ироа шуда, ҷиҳати ҷалби онҳо ба ташаббусҳои тозаву судманд корбарӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон, дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки ҷавонон иқтидори воқеии пешрафти мамлакат, нерӯи пешбар ва такягоҳи боэътимоди миллат мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд бо ҳисси ватандӯстии воло ҷиҳати ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат саҳим буда, барои пешрафти мамлакат нақши муассир гузоранд.

Бо табодули афкор дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои муосир ва ироаи пешниҳодоти муфид ҷиҳати расидан ба дастовардҳои наҷиб барои ҷавонон мулоқот анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ