​Муқовимат бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як узви чомеа

Бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ доир гардид. Ин ташаббус таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як узви чомеа» роҳандозӣ шуд.

Донишҷӯён мафҳуми терроризм ва экстремизмро шарҳ дода, дар бораи пайомад ва хатари он саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд мекунанд, ки террорист ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Терроризм ва экстремизм хатари глобалии чиддӣ буда, аз ҷониби дигар, таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад” – таъкид шуд дар чорабинӣ.

Бо суолу ҷавоб миёни иштирокчиён дар бораи хатарҳои зуҳуроти номатлуб чорабинӣ анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ