МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: ҲАМКОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ ВА СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чорабинии иттилоотӣ бо мақсади иҷрои нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2025-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, комиссияи байниидоравӣ оид ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳ Бахтиёр Маҳмудзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён дар самти муқовимат ба савдои одамон мебошад. Гуфта шуд, ки ҳар кадоми мо вазифадорем, ки донишҷӯёнро бо усулҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз ин ҷиноятҳои мудҳиш шинос намуда, ҳисси масъулиятшиносии онҳоро нисбат ба ҷомеа ва давлат тақвият бахшем.

Корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Сафарзода доир ба татбиқи нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 сухан гуфта, чорабинии мазкурро намунаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон арзёбӣ намуд.
Коршиноси миллӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва корманди Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҷамшед Ҳайдаров зимни суханронии хеш роҷеъ ба савдои одамон, роҳҳои пешгирӣ ва чораҳои амалии муқовимат бо савдои одамон изҳори андеша кард.
Намояндаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Беҳруз Бухоризода низ зимни суханронӣ ба масъалаҳои амнияти шаҳрвандон ва ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ дар самти мубориза бо савдои одамон ибрози назар карда, роҳҳои муқовимат бо падидаро шарҳу тавзеҳ дод.
Чорабинӣ дар фазои созанда ва бо мубодилаи афкори иштирокчиён ба анҷом расид.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»