​Муқовимат ба коррупсия-омили пешрафти ҷомеа

Таҳти чунин унвон дар толори калони раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупси конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи коршиносон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конфференсия ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат муқовимат ба коррупсияро ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои ташаккули як низоми хос, кихусусиятипешгирикунанда дорад ва инчунин дар ин замина таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Пешвои миллат доир ба оқибатҳои ин падида дар яке аз суханрониҳояшон мулоҳизаронӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигиҳои шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”. Дар идома Усмонзода Аюб иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои татбиқи саривақтии сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ андешида, дар ин раванд корҳои муҳимеро ба сомон расонида истодааст.

Маҳмудов Ҳотам – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд перомуни “Оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030” ибрози назар намуд.

Ҳамзамон Каримӣ Ҳамзаи – сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд -подполковники адлия дар мавзуи “Ҳадафҳо ва роҳҳои амалишавии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Иброҳим Ҷабборзода – декани факултети таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсент дар мавзуи “Коррупсия зуҳуроти номатлуб - сабабҳо ва роҳҳои пешгирии он” маърӯза ироа намуданд.

Дар баромадҳо қайд шуд, ки коррупсия – ҳамчун як падидаи нангини ҷомеа метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он пайдо намуда, барои ҷинояткорӣ замина гузорад.

Дар интиҳои озмуни умумидонишгоҳии “Коррупсия падидаи номатлуб” ҷамъбаст гардида ғолибон қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ