​Мукофотҳои навбатии давлатӣ барои устодони донишгоҳ

Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров се нафар соҳиби орден ва медал гардиданд.

Аз ҷумла, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Хайрулло Сабурӣ Мирзозода бо Ордени “Шараф”, дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Тоҷибой Султонзода, профессори кафедраи адабиёти классикӣ ва Қодиров Абдураҳмон, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бо медали Хизмати шоиста қадр шуданд.

Аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ёдовар шуд.

“Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳозиринро табрик намуда, қайд намуд, ки ба истиқболи 31 - юмин солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дўстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорида мешавад”.

Дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессорони донишгоҳ - Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, Тоҷибой Султонӣ ва Қодиров Абдураҳмонро ҷиҳати сазовор гардидан бо мукофоти давлатӣ табрик гуфта, барояшон саодати поянда, маҷмӯи хушиҳои зиндагӣ ва пирӯзиҳои тоза таманно доранд.

Мукофоти давлатӣ муборак, устодони соҳибноми донишгоҳ!

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ