Мукофоти давлатӣ – дастоварди тозаи устодони донишгоҳ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Дар доираи ин ташаббус ду нафар устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – профессорон Неъматҷон Файзуллоев ва Туғралхон Шокиров низ бо мукофоти давлатӣ, унвони фахрии Корманди Шоистаи Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.
P.s. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони соҳибном профессорон Неъматҷон Файзуллоев ва Туғралхон Шокировро ҷиҳати сазовор гардидан бо мукофоти давлатии Корманди Шоистаи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саодати рӯзгор, зиндагии обод ва дар иҷрои рисолати пуршарафи омӯзгорӣ барору дастовардҳои тоза таманно доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил