Мукофоти давлатӣ – дастоварди тозаи донишгоҳ
Зимни маросими тантанавӣ дар арафаи таҷлил аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят Ифтихорнома тақдим намуданд.
Дар доираи ин иқдом аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва ду нафар устодони донишгоҳ, дотсентон Назира Маҳмудова ва Қулихон Бобохонов Ифтихорнома супорида шуд.
Ин ташаббус дар партави иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими мукофоти давлатӣ таъкид намуд, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.
Раиси вилоят гирандагони Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолон минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу нерӯи худро равона карда, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои нодир ва пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона хидмат мекунанд.
Дар маҷмуъ, дар вазъияти тантанавӣ 148 нафар корманди соҳаҳои гуногуни вилоят ба Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз шуданд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят бархурдор буда, ҷиҳати қадршиносии навбатӣ сипосмандӣ изҳор мекунанд.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ваустодон - Назира Маҳмудова ва Қулихон Бобохоновро ба муносибати сазовор шудан ба Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муборакбод намуда, дар самти иҷрои рисолати пурмасъул музаффариятҳои тоза таманно дорем.
Маркази иттилоот ва таҳлил