​Муқаддимаи филологияи Чин

Дар факултети забонҳои шарқ бо иштироки донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси забонҳои хитоӣ-англисӣ аз ҷониби профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ Низомиддин Муродӣ дарси кушод гузаронида шуд.

Ин иқдом аз фанни "Муқаддимаи филологияи Чин" дар мавзӯи "Ҳиҷозу Чину Эрон - пайвандгари тамаддунҳо" роҳандозӣ гардид.

Дар дарс мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо ва муовини декан оид ба илм дотсент Оқилова Ҳилола иштирок карданд.

Донишҷӯён ғайр аз истифодаи аёният, воситаҳои техникӣ бо адабиёти илмӣ кор карда, бо роҳнамоии устоди фаннӣ тавонистанд, ки дарсро бо методикаи "Донишҷӯ-омӯзгор" ташкил намоянд.

Дарс дар асоси "омӯзгори сегона" ҷараён гирифта, се нафар донишҷӯёни фаъол дар нақши муаллим мавзуъро баробар бо ивазкунӣ ва тақсимкунии фурсат баррасӣ карданд.

Донишҷӯён тамоми лаҳзаҳои дарсро самаранок истифода карда, дар охир бо аудитория суолу ҷавоб барпо карданд.

Дарс дар сатҳи баланд доир шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ