Муқаддастарин дастоварди миллат
Дар факултети забонҳои шарқ перомуни мавзӯи “Истиқлолу озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст” мизи мудаввар доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби сармуаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабӣ Додохоҷаева Парвинахон бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 112 ва 113 ба роҳ монда шуд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, таъкид доштаанд, ки маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Мувофиқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён маърӯза ва шеърҳо бо забонҳои гуногун дар васфи Ватан – Тоҷикистон қироат шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил