​Мубориза бо таҳдидҳои муосир

Ҷиҳати баррасии роҳҳои мубориза бо таҳдидҳои муосир дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Мудири кафедра Ойбек Холдоров ба кори семинар оғоз бахшида, ҳадаф аз ин иқдомро таҳлил ва баррасии омилҳои шомилшавии сокинон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои мубориза бо таҳдидҳои муосир унвон намуд.

Дар доираи семинар як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, таҳти унвони “Асосҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва таърихии экстремизм ва терроризм” сармуаллим Сангинов Комил, дар мавзуи “Хатару таҳдидҳои экстремизм ва терроризм: роҳу усулҳои муқовимат бо он” муаллимаАлиева ва перомуни “Назарияҳои асосӣ доир ба пайдоиши дин” аз тарафи муаллима Қӯзиева маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар идома миёни иштирокчиёни семинар перомуни мавзуи мавриди матраҳ табодули афкор сурат гирифт.

Семинари мазкур дар ташкили мубодилаи афкор ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нақши муассир дошта, барои фаъолияти минбаъдаи муҳаққиқони ҷавони кафедра ахамияти муҳим дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ