Мубориза бо хушунат
Дар доираи маъракаи 16-рӯзи алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор шуд. Дар он сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Абдураҳимзода Маҳбуба, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоева Гуландом ва мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Султонова Гулбаҳор иштирок доштанд.
Дар доираи ин ташаббус оид ба мазмун ва муҳтавои мафҳуми хушунат ва сабабҳои он маърӯзаҳо шунида шуда, таъкид рафт, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим бунёд мегардад ва асоси оиларо хушбахтӣ, муҳаббат ва самимияту садоқат бояд ташкил диҳад, на хушунату зӯроварӣ.
Дар идома Султонова Гулбаҳор доир ба омилҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва зарур будани таҳсилоти олию касбӣ барои ҷавондухтарон дар бунёди оилаи солим суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба мавзуъ навори иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуда, донишҷӯён низ оид ба мавзуи баррасишаванда андешаҳои худро изҳор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил