​Муаррифии маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва оммавии тозанашр

Дар доираи ҳафтаи илм факултети филологияи ӯзбек муаррифии маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва оммавии муовини декан оид ба таълим, дотсент Мунаввара Ойматова таҳти унвони “Дарахтнинг битта япроғи”, “Муҳташам чинорлар соясида”, “Жалолиддин Румий ва ӯзбек адабиёти” доир гардид.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он ба роҳ монда шуд. Мудири кафедра, дотсент Абдуллоев имни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат мебошад. Нахуст мураббӣ ва муаллими башарият дар тарбияи ахлоқи ҳамида ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири донишҷӯён ҳиссаи арзандаи худро хоҳад гузошт.

Дар идома оид ба муҳтавои китобҳои тозанашр андеша ва назари устодони кафедра шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ