Муаррифии корҳои эҷодии донишҷӯён

Дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён доир шуд. Иқдоми мазкур дар доираи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" роҳандозӣ шуд.

Дар доираи намоиш корҳои эҷодии донишҷуёни курси чоруми ихтисоси дизайн (графикӣ) аз фанҳои квиллинг, стринг- Арт ва дизайни графикӣ муаррифӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин ибтикор зиёда аз 50 адад корҳои эҷодии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ