​Муаррифии китоби таърихии тозанашр

Дар маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд муаррифии китоби “Таърихи аҳолии русзабони Хуҷанд (нимаи дуюми қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ)” гузаронида шуд. Муаллифи монографияи таърихӣ мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсент Олимҷон Маҳмудов буда, зери таҳрири доктори илмҳои таърих, профессор Набиҷон Раҳимов таҳия шудааст. Асари мазкур ба таърихи ташаккулёбии аҳолии русзабони шаҳри Хуҷанд ва атрофи он дар нимаи дуюми қарни Х1Х ва ибтидои асри ХХ бахшида шудааст.

Дар маҳфили илмӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Николаевич Варламов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Марказ Никита Валеревич Биховский доир ба мазмун ва моҳияти асари тозанашр ибрози ақида намуда, муҳимияти инъикоси маълумотҳо ва далелҳои таърихӣ оиди аҳолии руснишин дар давраи мазкур барои насли имрӯза ва ояндаро қайд карданд. Дар муҳокимаи асари тозанашр д.и.т., профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология Набиҷон Раҳимов, д.и.т., профессори кафедраи таърихи умумӣ Иномҷон Мамадалиев, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ Муҳиддинҷон Файзуллоев иштирок намуданд. Муаллиф дар китоб бо истифода азмаводи бойгониипрофессор Абдуллоҷон Мирбобоев масъалаҳоипайдо шудани аввалин шаҳракҳои руснишин, ҷараёни ташкилёбии “қисматҳои рус”-и уездиХуҷанди кишвари Туркистон, ки ба ҳайати империяи Россия дохил мешуд инъикос намудааст.

Дар хотима консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ба дотсент Олимҷон Маҳмудовро барои таълифи асари арзишманди илмии актуалӣ изҳори сипосмандӣ баён кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ